Суди ҳарбии гарнизони Душанбе санаи 24-уми декабр даъвои н
аздикони сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоевро, ки бар асари лату кӯб аз ҷониби фелдшери қисми низомии 2620 Усмон Ғайратов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт, баррасӣ мекунад.
Дар ариза аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ пардохти ҷуброн дар ҳаҷми 241 ҳазор сомонӣ талаб карда шудааст, ки аз ин миқдор 97 ҳазор сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёни маънавӣ ва 144 ҳазор сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёни моддӣ аст.
Бино ба маълумоти ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», ҷавобгар дар ин парванда Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон буда, адвокатҳо Ҷӯраев Дилшод, ҳуқуқшиноси ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» ва Гулчеҳра Холматова, ҳуқуқшиноси Дафтар оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният мебошанд.
Қобили зикр аст, ки қабл аз фарорасии ҷашни Наврӯз фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, муовини аввали раиси КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ
ба аёдати сарбози марзбони
дар Маркази миллии тиббӣ бистаришуда Шаҳбол Мирзоев рафта, ваъда дода буд, ки ҷиҳати ба муҷозот кашидани тамоми афроди гунаҳкор ба латукӯби ӯ тамоми чораҳоро хоҳад андешид. Ғайр аз ин, Р.Раҳмоналӣ ба Шаҳбол зикр карда буд, ки тамоми хароҷоти табобати ӯро давлат ба уҳда мегирад.
Ёдрас мекунем, ки сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо
лату кӯб карда
, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо)
парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Рӯзи 19-уми июни соли ҷорӣ суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз рӯйи ин парванда судшаванда Усмон Ғайратовро ба 9 соли зиндон маҳкум намуд.



