Наздикони Шаҳбол Мирзоев аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ 241 ҳазор сомонӣ талаб доранд

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе санаи 24-уми декабр даъвои н аздикони сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоевро, ки бар асари лату кӯб аз ҷониби фелдшери қисми низомии 2620 Усмон Ғайратов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт, баррасӣ мекунад. Дар ариза аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ пардохти ҷуброн дар ҳаҷми 241 ҳазор сомонӣ талаб карда шудааст, ки аз ин миқдор 97 […]

Мавзуна Абдуллоева



Суди ҳарбии гарнизони Душанбе санаи 24-уми декабр даъвои н


аздикони сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоевро, ки бар асари лату кӯб аз ҷониби фелдшери қисми низомии 2620 Усмон Ғайратов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт, баррасӣ мекунад.

Дар ариза аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ пардохти ҷуброн дар ҳаҷми 241 ҳазор сомонӣ талаб карда шудааст, ки аз ин миқдор 97 ҳазор сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёни маънавӣ ва 144 ҳазор сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёни моддӣ аст.

Бино ба маълумоти ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», ҷавобгар дар ин парванда Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон буда, адвокатҳо Ҷӯраев Дилшод, ҳуқуқшиноси ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» ва Гулчеҳра Холматова, ҳуқуқшиноси Дафтар оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният мебошанд.

Қобили зикр аст, ки қабл аз фарорасии ҷашни Наврӯз фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, муовини аввали раиси КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ 

ба аёдати сарбози марзбони

 дар Маркази миллии тиббӣ бистаришуда Шаҳбол Мирзоев рафта, ваъда дода буд, ки ҷиҳати ба муҷозот кашидани тамоми афроди гунаҳкор ба латукӯби ӯ тамоми чораҳоро хоҳад андешид. Ғайр аз ин, Р.Раҳмоналӣ ба Шаҳбол зикр карда буд, ки тамоми хароҷоти табобати ӯро давлат ба уҳда мегирад.

Ёдрас мекунем, ки сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо

лату кӯб карда

, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) 

парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Рӯзи 19-уми июни соли ҷорӣ суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз рӯйи ин парванда судшаванда Усмон Ғайратовро ба 9 соли зиндон маҳкум намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.