Наҷотдиҳандагон ҷасади навраси 12-солаи ғарқшударо ҷустуҷӯ доранд

Наҷотдиҳандагони ҷасади навраси 12-соларо, ки рӯзи якшанбе дар дарёи Душанбе ғарқ шудааст, ҷустуҷӯ доранд. Умедҷон Ғарибови 12-сола зимни гузаштан аз дарё тариқи иншооти зиддисел, ки зери пул мустақиман дар об ҷойгир шудаанд, ба об афтодааст. Яке аз наздикони ӯ Зиёдулло Одинаев дар маҳалли фоҷеа ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ӯ назди дӯстонаш […]

Аъзам Аҳруллоев



Наҷотдиҳандагони ҷасади навраси 12-соларо, ки рӯзи якшанбе дар дарёи Душанбе ғарқ шудааст, ҷустуҷӯ доранд. Умедҷон Ғарибови 12-сола зимни гузаштан аз дарё тариқи иншооти зиддисел, ки зери пул мустақиман дар об ҷойгир шудаанд, ба об афтодааст.

Яке аз наздикони ӯ Зиёдулло Одинаев дар маҳалли фоҷеа ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ӯ назди дӯстонаш ба бозии футбол шитоб дошта, дарёро ҳамин тариқ бидуни истифода аз купрӯк гузаштанӣ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳодиса ҳудуди соати 5-и шом рух дода, наҷотдиҳандагон танҳо субҳи имрӯз ба ҷустуҷӯи ҷасад оғоз кардаанд. «Наҷотдиҳандагони КҲФ соати 8-и субҳ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд, вале то ҳол ҷасади ҷияни ман пайдо нашудааст», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки субҳ наҷотдиҳандагон кӯшидаанд, ки ҷасадро аз зери иншооти зиддисели бетонӣ дарёфт намоянд, вале чизе пайдо накардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.