Мақомоти интизомии Тоҷикистон сабаби боздошти Қувватовро шарҳ доданд

Пешвои ҳаракати «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои будубош дар Туркия боздошт шудааст. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон хабар дод, муҳлати дар қаламрави Туркия қарор доштани боздоштшуда бидуни қайд ба охир расида будааст. Қобили зикр аст, ки дар қаламрави Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд муддати […]

Аваз Юлдошев



Пешвои ҳаракати «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои будубош дар Туркия боздошт шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон хабар дод, муҳлати дар қаламрави Туркия қарор доштани боздоштшуда бидуни қайд ба охир расида будааст. Қобили зикр аст, ки дар қаламрави Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд муддати 30 рӯз бидуни раводид иқомат кунанд, вале баъди гузашти ин муҳлат, бояд дар ин кишвар худро ба қайд гузоранд.

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда, 19-уми декабр дар шаҳри Истамбул пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов боздошт шуд. Дар ин бора роҳбари Анҷумани «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» Надежда Атаева 

хабар медиҳад

. Далели боздошти Қувватовро дар саҳифаи худ адвокати сиёсатмадори тоҷик 

Николай Николаев

 низ тасдиқ мекунад.

Шаҳрванди Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов айни замон дастрасии мақоми паноҳанда аз Раёсати Комиссари Олии умури гурезагони СММ-ро мунтазир аст.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон Умаралӣ Қуввватовроба азхудкунии 6 млн. сомонӣ (беш аз 1,260 млн. $) муттаҳам карда, вале ӯ ин иттиҳомро беасос мехонад.

Анҷумани «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» аз ҳукуматдорони Туркия дархост намудааст, ки муқаррароти Конвенсияи СММ дар бораи мақоми паноҳандагон ва Конвенсия зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро иҷро намуда, меъёрҳои мурофиавии қонунгузории Туркия, аз ҷумла таъмини боздоштшуд бо адвокатро риоя намояд.

Анҷумани «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» маълумот дар бораи боздошти пешвои «Гурӯҳи 24» ва дигар ҳаммаслакони ӯ – Ҳусейн Ашӯров, Суҳроб Тӯраев ва Абдурашид Ҳомидовро ба Вазорати корҳои хориҷии Туркия, дафтари намояндагии Раёсати Комиссари Олии умури пааноҳандагон дар Туркия ва дафтари асосии ин Раёсат дар Женева ва ҳамчунин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch, Amnesty International ва дигарон ирсол намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.