Таъсиси сомонаи интернетии «Ҷавонони Тоҷикистон»

Ҳафтаи равон Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар арафаи Соли нави масеҳӣ ва 85-солагии таъсисёбӣ сомонаи интернетии худро бо нишонии www.javonon.tj таъсис дод, ки он хабарҳои Тоҷикистону минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифта, дар ибтидо бо забонҳои тоҷикию русӣ ба хонандагон пешкаш мешавад. Тавре дар сӯҳбат Самариддин Асозода, сармуҳаррири  ҳафтанома иброз дошт, яке аз ҳадафҳои асосии […]



Ҳафтаи равон Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар арафаи Соли нави масеҳӣ ва 85-солагии таъсисёбӣ сомонаи интернетии худро бо нишонии


www.javonon.tj


таъсис дод, ки он хабарҳои Тоҷикистону минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифта, дар ибтидо бо забонҳои тоҷикию русӣ ба хонандагон пешкаш мешавад.

Тавре дар сӯҳбат Самариддин Асозода, сармуҳаррири  ҳафтанома иброз дошт, яке аз ҳадафҳои асосии роҳандозии сомона фаро гирифтани бештари хонандагон мебошад. Номбурда афзуд: «Баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ ҷавонони зиёд барои таҳсил ба хориҷа мераванд, инчунин, қисми зиёди муҳоҷирони кории кишвар, ки асосан, дар Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон кору фаъолият мекунанд, ҷавонанд. Ҳамчунин, бо рушди технология имкони дастрасии инернет ба воситаи телефонҳои мобилӣ фароҳам омадааст. Бинобар ин, онҳо ба воситаи сомона аз навигариҳои кишвар ва дастоварду мушкили ҳамсолон имкон пайдо мекунанд, ки  пайваста иттилоъи нав дарёфт кунанд».

Инчунин, тавре масъулони сомона иброз медоранд, ҳар як кори нахустин, ки роҳандозӣ мегардад, метавонад аз камбудӣ орӣ набошад. Бинобар ин, онҳо аз хонандагону мутахассисон хоҳонанд, назари худро барои беҳбудӣ бахшидани кори сомона, ки аз 1 январи соли 2015 фаъол мегардад, дареғ надоранд.

Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” (дар гузашта “Комсомоли Тоҷикистон” низ ном дошт), нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 5 апрели соли 1930 таъсис ёфтааст ва ҳар ҳафта як маротиба бо формати А-3  16 саҳифа ба табъ мерасад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.