СБМ: Шумори кӯдакони коргар дар Тоҷикистон 522 ҳазор нафарро ташкил медиҳад

Дар маросими рӯнамоии натиҷаҳои таҳқиқоти аввалин оид ба меҳнати кӯдакон, ки солҳои 2012 -2013 дар Тоҷикистон анҷом дода шуда буд, намояндагони сеҷонибаи СБМ (намояндагони ҳукумат, созмонҳои корфармоён ва коргарон) ва коршиносони байналмилалӣ, ширкат варзиданд. Бино ба маълумоти Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ), таҳқиқот аз тарафи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо Барномаи […]

ASIA-Plus



Дар маросими рӯнамоии натиҷаҳои таҳқиқоти аввалин оид ба меҳнати кӯдакон, ки солҳои 2012 -2013 дар Тоҷикистон анҷом дода шуда буд, намояндагони сеҷонибаи СБМ (намояндагони ҳукумат, созмонҳои корфармоён ва коргарон) ва коршиносони байналмилалӣ, ширкат варзиданд.

Бино ба маълумоти Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ), таҳқиқот аз тарафи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо Барномаи байналмилалии Созмони Байналмилалии Меҳнат (СБМ) оид ба барҳамдиҳии меҳнати кӯдакон (МОТ – ИПЕК) гузаронида шуд.

Мақсади таҳқиқот – баҳодиҳӣ ба вусъатёбии меҳнати кӯдак ва шуғл дар байни кӯдакон (аз 5 то 17 – сола) дар Тоҷикистон, арзёбии хусусияти коре, ки онҳо  иҷро мекунанд, оқибатҳои эҳтимолии шуғли кӯдакон бо назардошти таъсири он ба саломатӣ ва натиҷаҳои таҳсил мебошад.

Мувофиқи маълумотҳои дар натиҷаи таҳқиқот ба даст овардашуда шумораи умумии кӯдакони аз 5 то 17 – сола  2, 2 миллионро ташкил мекунад. Аз ин ҳисоб шумораи кӯдакони коргар 23, 4 фоиз ё 522 ҳазор аст. Сатҳи аз ҳама баланди шуғл (45,5 фоиз) дар байни писаракони аз 15 то 17 – сола қайд шудааст. Аммо нишондиҳандаҳои шуғл дар гурӯҳи синни хурд низ (10,7 фоиз)  – дар байни бачаҳои аз 5 то 17 – сола хеле баланданд.

Гарчанд нишондиҳандаи шуғл байни бачаҳо баланд аст, сатҳи давомот дар мактаб низ на камтар аз ин болост. Дар ҳоле, ки сатҳи давомоти  бачаҳои аз 7 то 15 – сола (бачаҳое, ки дар ин синн бояд ҳатман  бо системаи таҳсилоти ҳатмӣ фаро гирифта шаванд) дар мактаб қариб сад дар сад аст, дар категорияи синнии 16 -17 он то 83,6 фоиз коҳиш меёбад. Бисёр вақт бачаҳо ҳамзамон бо таҳсил дар мактаб, дар хоҷагии хонавода корҳои бемуздро иҷро мекунанд. Беш аз 20 фоизи ин бачаҳо таҳсили хешро бо кори музднок чун коргари кироя тавъам менамоянд, яъне ҳам кору ҳам таҳсил мекунанд. Ҳамин тавр, дар гурӯҳи синнии аз 16 то17 кӯдаконе, ки танҳо бо таҳсил машғуланд, ҳамагӣ 5,2 фоизро ташкил медиҳад.

Гулнора Ҳасанзода, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими рӯнамоӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки таҳқиқоти аввалини меҳнати кӯдакон бо дастгирии техникӣ ва молиявии МОТ – ИПЕК дар Тоҷикистон гузаронида шуд. «Натиҷаҳои таҳқиқи имрӯз ироашуда, ба ҳукумат дар тарҳрезиву таҳияи сиёсати бештар мувофиқашуда ва мушаххас тасреҳгардида (формулабандӣ шуда) дар соҳаи решакан намудани меҳнати кӯдакон, ҳимояи  ҳуқуқи кӯдакон ва ҳифозати иҷтимоии онҳо ёрӣ мерасонанд», – гуфт ӯ.

 Эмин Сангинзода, муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки масъалаи меҳнати кӯдакон аз масъалаи афзалиятнок дар  рӯзномаи фаъолияти ҳукумат маҳсуб меёбад. Ба шарофати ин таҳқиқот имрӯз Тоҷикистон оид ба меҳнати кӯдакон омори миллӣ дорад, афзуд ӯ.

Дар маросими рӯнамоӣ аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба решакан намудани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак, намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии ҶТ, созмонҳои корфармоён ва коргарон, созмонҳои ҷамъиятӣ, коршиносони СБМ, Барномаи рушди СММ, Хазинаи кӯдакони СММ, ва ғ. иштирок намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.