Рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе ба интиқоли гармӣ ва оби гарм ба иншооту биноҳои пойтахт шурӯъ намуд.
Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки бинобар сабаби мавҷуд набудани сӯзишвории асосӣ – гази табиӣ, корхонаи мазкур танҳо ба таъмини қисмате аз пойтахт бо оби гарму гармӣ имкон дорад. Айни замон дар МБГ Душанбе ба сифати сӯзишворӣ аз мазут исстифода мешавад.
Дар ширкати «Барқи тоҷик» зикр карданд, ки феълан дегхонаи ғарбии МБГ Душанбе қисмати марказии Душанбе ва дегхонаи шарқӣ маҳаллаҳои шарқи пойтахтро бо оби гарму гармӣ таъмин месозад.
«Ахири моҳи ноябр Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ба истеҳсоли гармӣ ва нерӯи барқ оғоз карда, қисмати марказии шаҳрро бо гармӣ ва оби гарм таъмин мекунад», – таъкид доштанд дар ширкат.
Зимнан зикр гардид, ки нерӯи барқи истеҳсолшуда дар МБГ Душанбе-2 ба низоми умумии энергетикии Тоҷикистон интиқол дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки иқтидори умумии МБГ Душанбе, ки ҳанӯз соли 1957 сохта шудааст, 198 МВт ва МБГ Душанбе-2, ки аз ҷониби ширкати TBEA-и Чин бунёд гардидааст, 100 МВт-ро ташкил медиҳад.



