Нимаи дуюми рӯзи 22 декабр вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати шахсии РВКД дар шаҳри Душанбе, ШВКД-ҳо ва ҷузъу томҳои он дар толори Вазорати корхои дохилӣ вохӯрӣ доир намуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вохӯрӣ инчунин, роҳбарони аввали Сарраёсат, Сармарказ, Сарситод, Раёсатҳо ва шӯъбаҳои Дастгоҳи марказии ВКД иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ вазир аз дастовардҳо, таъминоти моддӣ-маишӣ ва беҳтар гардидани шароити хизматии ҳайати шахсии РВКД дар шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, қайд кард, ки танҳо дар соли ҷорӣ 16 иншоотҳо аз таҳкурсӣ бунёд гардида, 40 иншооти дигар таъмиру тармим ва 23 Шӯбачаҳои минтақавии милитсия ва нуқтаҳои такягоҳи нозирони минтақавӣ таҷдиду азнавсозӣ шуда, сохтмони 4 иншооти дигар оғоз ва инчунин, бо нақлиёти хизматӣ ва таҷҳизоти техникӣ таъмин шуданд.
Дар идомаи вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода махсусан ба масъалаҳои ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонону ноболиғон дар шаҳри Душанбе, бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз намудани тамоми иншоотҳо, масъалаҳои сӯхтор, мубориза бар зидди ҷиноятҳои ахлоқӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кушодани ҷиноятҳои солҳои пешин ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ҳисоботҳои роҳбарияти Раёсатҳои ВКД, РВКД ва сардорони ШВКД-ҳо дар ноҳияҳои шаҳри Душанберо шунида, ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода масъалаҳои фаъолияти хизматӣ ва таъминоти моддӣ-техникии ҳайати шахсии РВКД, ШВКД-ҳо ва ҷузъу томҳои он дар шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи касбӣ ва бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта супоришҳо дод.
Ҳамчунин кормандони хадамоту бахшҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ибрози андеша намуданд.



