БМТ меъёри захираҳои ҳатмӣ барои пасандозҳоро тағйир дод



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри захираҳои ҳатмӣ барои пасандозҳо бо арзи миллӣ ва хориҷиро тағйир дод.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, бо қарори раёсати бонк, тағйироти мазкур бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва баланд бардоштани эътимоди пули миллӣ бинобар зиёд шудани фишорҳои қурбӣ ба иқтисодиёт сурат мегирад

Гуфта мешавад, меъёри захираҳои ҳатмӣ барои пасандозҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ 3 банди фоизӣ паст ва бо асъори хориҷӣ 1 банди фоизӣ баланд карда шуда, мутаносибан дар сатҳи 2,0 ва 8,0 фоизи солона муқаррар гардиданд. 

Зимнан зикр мегардад, ки мутобиқи Қарори номбурда тамоми ҳисоббаробаркуниҳо дар низоми бонкӣ вобаста ба захираҳои ҳатмӣ аз таърихи 1 январи соли 2015 тибқи санади мазкур амалӣ карда мешаванд. 

spot_imgspot_img

Популярное