Эҳтимоли аз боҷи гумрукӣ озод кардани воридоти доруворӣ, сангҳои қиматбаҳо ва металлҳо

spot_imgspot_img

Дата:



Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту илова ба Кодекси гумруки кишварро ба баррасии палатаи поёнии парлумон ирсол кард.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, узви Кумитаи молия ва иқтисоди парлумон Шарофиддин Сироҷов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мутобиқи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда, воридоти сангҳои қиматбаҳо ва металлҳо аз ҷониби Бонки миллӣ ва Вазорати молия, доруворӣ ва ҳама гуна асъор аз ҷониби тамоми шахсон аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

«Ғайр аз ин, ба Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ минбаъд барои ба таъхир андохтани пардохти боҷи гумрукӣ ба шахсони ҳуқуқии ҷудогона ҳуқуқ дода мешавад», – гуфт вакил.

Тағйироту иловаҳои зикршуда дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми палатаи поёнии парлумон нимаи дуюми имрӯз баррасӣ мешавад.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...