Дар назди ҶДММ «Фаровон-1»-и шаҳри Қайроқкум, ки ба истеҳсоли орд машғул аст, коргоҳҳои нав ба кор даромаданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз шуъбаи саноати ҳукумати шаҳри Қайроқкум хабар доданд, муассиси ин ширкат соҳибкори маҳаллӣ Исроил Самандаров буда, чанд рӯз қабл дар ин ҷо коргоҳи нави истеҳсоли комбикорм барои чорвои кардони шохдор ва паррандаҳо ба истифода дода шудааст. «Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин коргоҳ 9 нафар бо музди меҳнати 1000 сомонӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд», – гуфт манбаъ.
Бино ба гуфти манбаъ, ҳамчунин дар ин ҷо коргоҳи истеҳсоли сохторҳои металлӣ барои бинокорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар ин коргоҳ бо музди меҳнати 1200 сомонӣ 14 нафар бо ҷойи корӣ таъмин карда шудаанд.
Тибқи маълумоти шуъбаи саноати мақомоти шаҳрдории Қайроқкум, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави шаҳр 28 корхонаҳои саноатӣ фаъолият намуда, дар ин давра ба маблағи умумии 889 млн. 909 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 228 млн. 934 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст.



