Ояндаи наздик Покистон содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Тоҷикистонро ба таври назаррас афзуданист.
Хабаргузории покистонии The International News дар ин робита менависад, рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта вазири федералии савдои Покистон Хуррам Дастгир Хон зимни мулоқот бо директори Агентии захираҳои моддии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Аҳмедов изҳор доштааст, ки ин тасмим бо мақсади афзоиши талаботи Тоҷикистон ба маҳсулоти ғийзойӣ сурат мегирад.
Вазири покистонӣ зикр кардааст, ки созишномаи тиҷоратии сеҷониба миёни Покистону Афғонистон ва Тоҷикистон монеъаҳо дар тиҷорати минтақавиро коҳиш дода, ба рушди савдо такони ҷиддӣ мебахшад. Ӯ ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки шартномаи дуҷонибаи имтиёзноки тиҷоратӣ ба имзо расонида шавад.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо масъалаи афзоиши ҳаҷми муомилоти молии дуҷониба то 500 млн. доллари ИМА дар се соли наздикро баррасӣ намудаанд, ки дар ин бора зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Покистон Навоз Шариф изҳори назар шуда буд.
Н.Аҳмедов қайд кардааст, ки Тоҷикистон аз вазъ бо таъмини амнияти ғизойӣ нигарон буда, аз ин рӯ, ба зиёд кардани захираҳои озуқавории худ манфиатдор аст.
Номбурда таъкид доштааст, ки танҳо 7% аз қаламрави Тоҷикистон барои парвариши зироатҳои кишоварзӣ коршоям буда, бинобар ин, кишвар ба маҳулоти воридотӣ вобастагии зиёд дорад. «Дар навбати аввал Тоҷикистон ба воридоти гандум, шакар, равғани растанӣ ва сабзавот ниёз дорад», – иброз доштааст ӯ.


