Афзоиши андози аксизӣ барои операторони алоқаи мобилӣ

Date:



Вакилони палатаи поёнии парлумон тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ба Кодекси андозро, ки дар онҳо афзоиш ва коҳиши ҳаҷми андозҳо барои фаъолияти ҷудогона пешбинӣ шудааст, дастгирӣ намуданд.

Зимни шарҳи масъалаи мазкур назди вакилон муовини аввали вазири молияи ҶТ Ҷамолиддин Нуралиев қайд кард, ки  даромадҳои Бонки миллии Тоҷикистон, фурӯши саҳмияҳо ва амвол андозбандӣ шуда, дар тағйироти пешниҳодшуда афзоиши андози аксизӣ барои операторони мобилӣ ва ҳамчунин содда кардани низоми баргардонидани қарзҳо аз минтақаҳои оффшорӣ дар назар аст.

Ба гуфтаи вакил Сафаралӣ Гулов, мутобиқи тағйирот, андози аксизӣ барои операторони мобилӣ аз 3% то ба 5% меафзояд. «Ғайр аз ин, андоз аз иҷораи амвол дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб низ зиёд мешавад», – гуфт ӯ.

С.Гулов ҳамчунин зикр кард, ки то соли 2018 аз маблағҳои давлатии ба корхонаву муассисаҳои бахши фарҳангу ВАО равонашуда андоз ситонида намешавад. «Ҳамчунин мавод (масолеҳи сохтмон) барои иншооти дорои аҳамияти стратегӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад», – афзуд вакил.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...