Таҳти раёсати раиси Кумитаи саноат, энергетика, сохтмон ва коммуникатсияи палатаи поёнии парлумон Амир Каттаев имрӯз оид ба масъалаи иҷрои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2013-2014 дар самти тадбирҳо ҷиҳати раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ музокироти кушода баргузор шуд.
Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар музокирот қайд гардид, ки соли равон ба ҷуз воситаҳои буҷет, амалисозии 15 лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 560 млн. доллари ИМА барои сохтмону таъмир ва азнавсозии роҳҳо ҷараён доштанд.
Зимни ҳисоботи муовини аввали вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода назди вакилон дар робита ба ин масъала дар бораи нақшаҳои ҳукумат оид ба аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани кишвар маълумот дода шуд.
Ганҷалзода таъкид дошт, ки имрӯз ширкатҳои нақлиётии Тоҷикистон ба ҳамлу нақли бор ба 15 кишвари хориҷи дур ва 13 кишвари хориҷи наздик машғуланд.


