Азнавсозии роҳи пойтахт то дарвозаҳои ғарбӣ аввали соли оянда оғоз мегардад

Амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳаи таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода – марзи Ӯзбекистон аввали соли оянда оғоз мегардад. Аз намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки барои таъмиру азнавсозии роҳ Тоҷикистон 35 млн. доллари ИМА дастрас мекунад. «Маблағи мазкур баъди анҷоми корҳои лоиҳакашии лоиҳа, ки аввали […]

Пайрав Чоршанбиев



Амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳаи таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода – марзи Ӯзбекистон аввали соли оянда оғоз мегардад.

Аз намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки барои таъмиру азнавсозии роҳ Тоҷикистон 35 млн. доллари ИМА дастрас мекунад. «Маблағи мазкур баъди анҷоми корҳои лоиҳакашии лоиҳа, ки аввали соли 2015 дар назар аст, ҷудо мегардад», – гуфтанд дар намояндагии бонк.

Ёдрас мекунем, ки маблағи умумии марҳилаи дуюми лоиҳа 70 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки 35 млн. доллари ИМА – қарзи БАТР ва 35 млн. доллари ИМА ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон аст.

Лоиҳаи таҷдиду бозсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон аз ду қисмат иборат аст. Қисмати дуюми лоиҳа таъмиру таҷдиди роҳ ва гузаргоҳҳо дар маҳаллаи 82-юм бо масофаи 4,6 км аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии пойтахтро дар бар мегирад.

Дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бар ин назаранд, ки пас аз анҷоми амалисозии лоиҳа сарбории равуои нақлиёт дар ин қитъаи роҳ ба таври назаррас коҳиш меёбад.

Амалисозии қисмати якуми лоиҳа бо масофаи 56,9 км аз дарвозаҳои ғарбии шаҳри Душанбе то марзи Ӯзбекистон

дар арафаи анҷомёбист.

Барои амалисозии ин марҳилаи лоиҳа Бонки осиёгии рушд 120 млн. доллари ИМА воситаҳои бурсӣ ҷудо кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.