Бино бар ташаннуҷи вазъи амниятӣ дар Ҷумҳурии Арабии Яман ва афзоиши ҳодисаҳои рабудани шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишвар, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш мекунад, ки муваққатан аз сафар ба Яман худдорӣ кунанд.
Дар маълумоти ВКХ Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар минтақаҳои мухталифи Яман қарор доранд, бояд бисёр эҳтиёткор бошанд, аз ҷойҳои таҷаммӯи одамон ва ё гурӯҳҳои алоҳида иҷтиноб варзанд ва дар сурати ташдиди вазъият дар Яман, ин кишварро тарк кунанд.
Ёдрас мекунем, ки сокини 36-солаи шаҳри Панҷакент Гулрухсор Рофиева, ки дар шуъбаи занонаи госпитали ҳарбии Мариби Яман кор мекард, санаи 29-уми октябри соли равон дар яке аз маҳаллахои шаҳр рабуда шуд. Ӯ автомашинаеро, ки мебоист ӯро ба госпитал мебурд, интизор нашуда, пиёда ба кор роҳ пеш гирифта ва дар роҳ ӯро афроди номаълум боздошт намуда, бо худ бурданд. То имрӯз озод кардани табибзан муяссар нашудааст.


