Собиқ ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон Файзалӣ Комилов, ки дар ин мансаб аз моҳи марти соли 2008 то моҳи майи соли 2012 фаъолият кардааст, ба содир кардани ҷиноятҳои коррупсионии марбут ба азхудкунии маблағҳои ниҳоят зиёд гумонбар дониста мешавад.
Бино ба
маълумоти маркази матбуоти
Агентии зидифасод, Ф.Комилов тибқи маслиҳати пешакӣ бо сардори шуъбаи соҳибкорӣ ва таъминоти донишкада Афранг Туйғунов тариқи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ 1 млн. 500 ҳазор сомонӣ маблағҳои пулиро азхуд кардаанд.
Гуфта мешавад, нисбати собиқ ректор ва ҳаммаслакони ӯ А.Туйғунов, Олимҷон Турсунов ва Назир Холов мутобиқи моддахои 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 264 (Ғайриқонунӣ гирфитани кредит), 265 (Ғайриқонунӣ додани кредит) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп,муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ0-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.


