Гумонбарии собиқ ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба азхудкунии маблағҳо

Собиқ ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон Файзалӣ Комилов, ки дар ин мансаб аз моҳи марти соли 2008 то моҳи майи соли 2012 фаъолият кардааст, ба содир кардани ҷиноятҳои коррупсионии марбут ба азхудкунии маблағҳои ниҳоят зиёд гумонбар дониста мешавад. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Агентии зидифасод, Ф.Комилов тибқи маслиҳати пешакӣ бо […]

ASIA-Plus



Собиқ ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон Файзалӣ Комилов, ки дар ин мансаб аз моҳи марти соли 2008 то моҳи майи соли 2012 фаъолият кардааст, ба содир кардани ҷиноятҳои коррупсионии марбут ба азхудкунии маблағҳои ниҳоят зиёд гумонбар дониста мешавад.

Бино ба

маълумоти маркази матбуоти

Агентии зидифасод, Ф.Комилов тибқи маслиҳати пешакӣ бо сардори шуъбаи соҳибкорӣ ва таъминоти донишкада Афранг Туйғунов тариқи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ 1 млн. 500 ҳазор сомонӣ маблағҳои пулиро азхуд кардаанд.

Гуфта мешавад, нисбати собиқ ректор ва ҳаммаслакони ӯ А.Туйғунов, Олимҷон Турсунов ва Назир Холов мутобиқи моддахои 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 264 (Ғайриқонунӣ гирфитани кредит), 265 (Ғайриқонунӣ додани кредит) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп,муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ0-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.