Дидори дипломати тоҷик бо намояндаи Ҷомеаи Давлатҳои Арабӣ

Санаи 24 декабри 2014 дар Қоҳира мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозирӣ бо Мудири Идораи Аврупои Дабирхонаи Ҷомеаи Давлатҳои Арабӣ Умния Тоҳо баргузор гардид. Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Миср, дар ин мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ҷомеаи Давлатҳои Арабӣ бар пояи тавофуқҳое, ки дар Нахустин Форуми иқтисод […]

ASIA-Plus



Санаи 24 декабри 2014 дар Қоҳира мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозирӣ бо Мудири Идораи Аврупои Дабирхонаи Ҷомеаи Давлатҳои Арабӣ Умния Тоҳо баргузор гардид.

Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Миср, дар ин мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ҷомеаи Давлатҳои Арабӣ бар пояи тавофуқҳое, ки дар Нахустин Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Риёз 13 майи 2014 ҳосил шуда буданд, баррасӣ гардиданд.

Қобили зикр аст, ки Ҷомеаи Давлатҳои Арабӣ созмони минтақавии кишварҳои арабист, ки дар Қоҳира 22 марти 1945 таъсис ёфта, 22 кишвари узв дорад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.