Мизони таваррум дар 11 моҳ 6,8%-ро ташкил дод

Date:



Мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар зарфи 11 моҳи соли равон 6,8%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), моҳи ноябр нарху тарифҳо ба молу хизматгузориҳо ҳамагӣ ба андозаи 0,7% афзудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи моҳи гузашта 043% зиёдтар аст.

Гуфта мешавад, соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 7,1%-ро ташкил додааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли равонро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад.

Дар ҳамин ҳол, Бонки ҷаҳонӣ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар соли равонро – дар сатҳи 7% ва Хазинаи байнулмилалии асъор – дар сатҳи 6,6% пешгӯи мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки сатҳи таварруми соли гузашта дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.

Қобили зикр аст, ки ахиран бар асари беқурбшавии арзи миллӣ нисбат ба доллари амрикоӣ нархҳои маводи ғизойӣ ва хизматгузориҳо боло рафтанд.

Дар робита ба афзоиши қурби доллари ИМА дар Тоҷикистон, маҳсулоти асосии ғизойии истеҳсоли ҳам ватаниву ҳам хориҷӣ ба таври назаррас гаронтар шуданд. Агар қаблан як халта (50 кило) орд 120-140 сомонӣ ва 1 халта шакар – 110-155 сомонӣ арзиш дошт, пас имрӯз нархи он мутаносибан ба 160 сомонӣ ва 120-125 сомонӣ расидааст. Барои мардуми оддӣ харидории мева бештар дастнорас мешавад.

Мавриди зикр аст, ки моҳи ноябр қурби доллари ИМА нисбати сомонӣ 8% афзуда, дар баъзе нуқтаҳои мубодилаи асъор 5,60 сомонӣ барои 1 доллар фурӯхта мешуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...