Задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон



Рӯзи аввали соли 2015 дар асоси хабари оперативӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар қитъаи отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” кӯшиши қочоқи маводи нашъаоварро дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни афғон иборат аз шаш нафар сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба қаламрави Тоҷикистон ворид гашта, ҳангоми аз тарафи кормандони Агентӣ ва сарҳадбонони тоҷик дастгир намудан, муқобилияти мусаллаҳ нишон доданд.

«Аз рӯи маълумот, дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳ як нафар қочоқчии афғон захмӣ ва қочоқчиёни боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, ба қаламрави Афғонистон фирор намуданд ва захмиро ҳамроҳи худ бурданд», – омадааст дар хабари Агентӣ.

Гуфта мешавад, дар ҷои ҳодиса кормандони Агентӣ ва сарҳадбонони тоҷик гилзаҳои тири силоҳи оташфишон, ду телефони мобилӣ ва як халтаро ошкор намуданд, ки дар дохили он ҳудуди 12 кило маводи мухаддири афюн дарёфт шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное