Мушкилоти иқтисодӣ муҳоҷиронро ба тарки Русия водор мекунад



Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов  дар


мусоҳиба


ба портали интернетии «Россия для всех» (Русия барои ҳама) изҳор доштааст, ки мушкилоти муайяне дар иқтисоди Русия муҳоҷирони кориро ба тарки ин кишвар водор месозад.

«Бо назардошти ин мушкилот, аз ҷумла афтиши бесобиқаи қурби рубл, ахиран мо мушоҳида дорем, ки қисмате аз муҳоҷирон Русияро тарк мекунанд, вале ин ба мавсим ҳам марбут аст, зеро соли тақвимӣ ба охир расида, Соли нав фаро мерасад», – гуфтааст сафир.

Ӯ қайд кардааст, ки сарфи назар аз вазъи иқтисод, таваҷҷуҳи Тоҷикистон ва муҳоҷирон ба Русия боқӣ мемонад. «Алҳол шаҳрвандони мо аз Русия мераванд, вале вақт нишон хоҳад дод, ки минбаъд вазъ чӣ гуна мешавад ва умедворем, ки барои таъмини рушди иқтисоди Русия тадбирҳо андешида мешаванд», – иброз доштааст ӯ.

Сатторов таъкид доштааст, ки нисбат ба мавсим, ки маъмулан муҳоҷирон ба ватан бармегарданд, айни замон ин шумор тақрибан 35-40% бештар аст, зеро аксари ширкатҳои сохтмониву корхонаҳо мисли пешин фаъолият надоранд. «Сохтмон мутаваққиф шуда, аз ин рӯ, Русияро тарк кардани муҳоҷирони мо эҳсос мешавад. Ахиран шаҳрвандони зиёди мо ба сафорат ҷиҳати расмиёти санадҳои бозгашт ба ватан муроҷиат мекунанд», – афзудааст сафир.

spot_imgspot_img

Популярное