Сухангӯи ҲНИТ номзад ба вакилӣ дар парлумон пешбарӣ шуд

Дар конфронси пешазинтихоботии бахшҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Қумсангир, Румӣ, Панҷ ва Ҷиликӯли вилояти Хатлон сухангӯи ҳизб Маҳмудҷон Файзраҳмон якдилона номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, конфронс дар манзили истиқоматии яке аз фаъолони ҳизб доир гардида, дар он аз 55 нафар вакили даъватшуда 50 […]

ASIA-Plus



Дар конфронси пешазинтихоботии бахшҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Қумсангир, Румӣ, Панҷ ва Ҷиликӯли вилояти Хатлон сухангӯи ҳизб Маҳмудҷон Файзраҳмон якдилона номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, конфронс дар манзили истиқоматии яке аз фаъолони ҳизб доир гардида, дар он аз 55 нафар вакили даъватшуда 50 нафар ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, аксари мутлақи вакилони конфронс, номзадии Маҳмудҷони Файзраҳмонро ҷонибдорӣ намуда, аз комиссияи ҳавзавии интихоботии №33 хоҳиш намуданд, ки номбурдаро ба ҳайси номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагон сабти ном намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар кори конфронс намоянда аз мақомоти маҳаллӣ, комиссияи ҳавзавии интихоботӣ ва аҳзоби сиёсӣ низ ширкат варзидаанд.

Ёдрас мекунем, ки ҳукуматдорони ноҳияи Қумсангир ба баргузории конфронси мазкур, ки бояд дар  толори Тоҷикматлубот-и ноҳияи Қумсангир доир мегардид,

монеъа эҷод сохта буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.