Гумрукчиён кӯшиши қочоқи миқдори зиёди шираи камолро пешгирӣ карданд

Дар натиҷаи гузаронидани як амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон як амали интиқоли ғайриқонунии миқдори махсусан калони тухмӣ ва шираи камол ошкор ва пешгирӣ карда шуд.  Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, дар дидбонгоҳи гумрукии «Кокул»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ҳангоми азназаргузаронии гумрукии автомашинаи […]

ASIA-Plus



Дар натиҷаи гузаронидани як амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон як амали интиқоли ғайриқонунии миқдори махсусан калони тухмӣ ва шираи камол ошкор ва пешгирӣ карда шуд.

 Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, дар дидбонгоҳи гумрукии «Кокул»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ҳангоми азназаргузаронии гумрукии автомашинаи тамғаи «Камаз» аз бордонаш дар халтаҳои ҳаҷмашон гуногун ба миқдори 1 тоннаву 294 кило тухми гиёҳи «Камол» ва дар 257 адад зарфҳои пластикии гуногунҳаҷм ба миқдори умумии 5 тоннаву 574 кило шираи камол ошкор карда шуд.

«Халтаҳои пур аз тухми гиёҳи «Камол» устокорона аз болои шираи Камол пушонида шуда қоҷоқгарон мехостанд бо ин амал пинҳонӣ аз назари гумрукчиён маводҳои мазкурро ба Давлати Исломии Афғонистон интиқол бидиҳанд. Баъд аз гузаронидани таҳлилу санҷишҳо маълум гардид, ки маводҳои боздошгардида ба сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Маяковский Рустам Содиқов тааллуқ доштаанд», – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, номбурда маводҳои мазкурро аз кӯҳу саҳро ва талу теппаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ намуда бо ин амалаш ба табиати зебои кишвар зарари калон ворид намуда, бар замми он мехост миқдори калони ҳосили ҷамъовардашударо тариқи пинҳонӣ ба Давлати Исломии Афғонистон интиқол дода аз ин ҳисоб даромади муфт ба даст биёрад.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида барои идомаи тафтишот ба Прокуратураи ноҳияи Фархор ирсол карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.