Мушкилоти иқтисодӣ муҳоҷиронро ба тарки Русия водор мекунад

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов  дар мусоҳиба ба портали интернетии «Россия для всех» (Русия барои ҳама) изҳор доштааст, ки мушкилоти муайяне дар иқтисоди Русия муҳоҷирони кориро ба тарки ин кишвар водор месозад. «Бо назардошти ин мушкилот, аз ҷумла афтиши бесобиқаи қурби рубл, ахиран мо мушоҳида дорем, ки қисмате аз муҳоҷирон Русияро тарк мекунанд, вале […]

ASIA-Plus



Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов  дар


мусоҳиба


ба портали интернетии «Россия для всех» (Русия барои ҳама) изҳор доштааст, ки мушкилоти муайяне дар иқтисоди Русия муҳоҷирони кориро ба тарки ин кишвар водор месозад.

«Бо назардошти ин мушкилот, аз ҷумла афтиши бесобиқаи қурби рубл, ахиран мо мушоҳида дорем, ки қисмате аз муҳоҷирон Русияро тарк мекунанд, вале ин ба мавсим ҳам марбут аст, зеро соли тақвимӣ ба охир расида, Соли нав фаро мерасад», – гуфтааст сафир.

Ӯ қайд кардааст, ки сарфи назар аз вазъи иқтисод, таваҷҷуҳи Тоҷикистон ва муҳоҷирон ба Русия боқӣ мемонад. «Алҳол шаҳрвандони мо аз Русия мераванд, вале вақт нишон хоҳад дод, ки минбаъд вазъ чӣ гуна мешавад ва умедворем, ки барои таъмини рушди иқтисоди Русия тадбирҳо андешида мешаванд», – иброз доштааст ӯ.

Сатторов таъкид доштааст, ки нисбат ба мавсим, ки маъмулан муҳоҷирон ба ватан бармегарданд, айни замон ин шумор тақрибан 35-40% бештар аст, зеро аксари ширкатҳои сохтмониву корхонаҳо мисли пешин фаъолият надоранд. «Сохтмон мутаваққиф шуда, аз ин рӯ, Русияро тарк кардани муҳоҷирони мо эҳсос мешавад. Ахиран шаҳрвандони зиёди мо ба сафорат ҷиҳати расмиёти санадҳои бозгашт ба ватан муроҷиат мекунанд», – афзудааст сафир.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.