Пешбарии номзади навбатии ҲАТ аз ҳавзаи Восеъ

Дар ноҳияи Восеъ Конфренсияи муштараки бахшҳои Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) дар ноҳияҳои Балҷувон ва Темурмалик баргузор гардид. Тавре аз маркази матбуоти ҲАТ хабар доданд, дар конфренсия, ки дар он вакилони ҳизби аз ин се ноҳия ширкат варзиданд, номзадии Сафаров Зайниддин ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи Восеъ 39 пешбарӣ гардид. […]

ASIA-Plus



Дар ноҳияи Восеъ Конфренсияи муштараки бахшҳои Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) дар ноҳияҳои Балҷувон ва Темурмалик баргузор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти ҲАТ хабар доданд, дар конфренсия, ки дар он вакилони ҳизби аз ин се ноҳия ширкат варзиданд, номзадии Сафаров Зайниддин ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи Восеъ 39 пешбарӣ гардид.

Гуфта мешавад, се ноҳияи мазкур ба истиснои ду ҷамоати ноҳияи Восеъ ба ҳавзаи интихоботии №39 шомил буда, дар он зиёда аз 100 ҳазор интихобкунанда сукунат дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар барномаи худ рушди деҳот, ки беш аз 74 %-и аҳолӣ дар он иқомат доранд ва бахши кишоварзии ҷумҳуриро дар мадди аввал гузошта, онро асоси пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар донистааст.

Қобили зикр аст, ки Сафаров Зайниддин соли 2013 аз ҳавзаи Восеъ 39 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб гардида, то ҳол дар даъвати ҳозираи парлумон фаъолият менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.