Созишномаи транзитӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон

Тоҷикистону Покистон ва Афғонистон дар бораи дар муддати се моҳ таҳия намудани лоиҳаи созишномаи сеҷонибаи савдову транзитӣ ба мувофиқа расиданд. Нашрияи покистонии The Express Tribune дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 3-юми январ зимни мулоқоти ҳайати кишварҳо дар Исломобод оид ба муҳлати ниҳоии омода намудани лоиҳа гуфтушунид сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, ҳайати Тоҷикистонро дар […]

Пайрав Чоршанбиев



Тоҷикистону Покистон ва Афғонистон дар бораи дар муддати се моҳ таҳия намудани лоиҳаи созишномаи сеҷонибаи савдову транзитӣ ба мувофиқа расиданд.

Нашрияи покистонии

The Express Tribune

дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 3-юми январ зимни мулоқоти ҳайати кишварҳо дар Исломобод оид ба муҳлати ниҳоии омода намудани лоиҳа гуфтушунид сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ҳайати Тоҷикистонро дар ин гуфтушунид муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Саидраҳмон Назриев намояндагӣ кардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки санади мазкур ба таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон равона шудааст.

С.Назриев бар ин назар аст, ки роҳ (коридор)-и ҳамлу нақли нақлиётии дар лоиҳа пешбинишуда ба афзоиши сатҳи савдои минтақавӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.