Дипломати тоҷик ба масъалаи озодии табибзани тоҷик дар Яман расидагӣ кард

Сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар Ардашер Қодирӣ бо супориши вазири корҳои хориҷии кишвар ҷиҳати баррасии таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Яман, ҳамоҳангсозии берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳолати пеш омадани зарурат ва мусоидат дар озодкунии Гулрухсор Рофиева ба Яман сафар намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ рӯзи 6 январи соли равон Ардашер Қодирӣ […]



Сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар Ардашер Қодирӣ бо супориши вазири корҳои хориҷии кишвар ҷиҳати баррасии таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Яман, ҳамоҳангсозии берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳолати пеш омадани зарурат ва мусоидат дар озодкунии Гулрухсор Рофиева ба Яман сафар намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ рӯзи 6 январи соли равон Ардашер Қодирӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Яман Абдулло Ал-Соидӣ мулоқот анҷом дод.

Гуфта мешавад, зимни суҳбат сафири Тоҷикистон дархости вазири корҳои хориҷӣ С.Асловро ҷиҳати иқдомоти бештари ҷониби яманӣ дар раҳоиши шаҳрванди Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева баён дошт. Ҷониби яманӣ таъкид кард, ки мавзӯи шаҳрванди Тоҷикистон дар авлавият қарор дорад ва пайгирии раҳоиши ӯ идома дорад.

Худи ҳамон рӯз вохӯрии сафир А.Қодирӣ бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Яман Ҷамол Рувайшон доир гашт, ки зимни он аз ҷониби яманӣ дархост гашт, то дар раҳоии шаҳрванди Тоҷикистон ҷаҳди бештар намоянд.

Ҷамол Рувайшон иброз дошт, ки мавзӯи мазкурро зери назорати шахсӣ мегирад ва мекӯшад, то дар фурсати кӯтоҳтарин натиҷае ба бор ояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.