Соли гузашта дар Тоҷикистон тақрибан 870 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуд, ки нишондиҳандаи рекордӣ тӯли 34 соли ахир дар таърихи кишвар мебошад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, ин миқдор ангишт дар 18 корхона, ки дар 14 конҳои ангишт фаъолият намудаанд, истихроҷ шудааст.
Дар Вазорати мазкур қайд мекунанд, ки ҳаҷми ангишти соли гузашта истихроҷшуда аз нишондиҳандаи соли 1991 тақрибан 561 ҳазор тонна зиёдтар аст. «То замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳаҷми истихроҷи ангишт дар кишвар ҳамагӣ то 309 ҳазор тонна мерасид», – таъкид мекунанд дар вазорат.
Дар маълумот зикр мегардад, ки 75% аз ҳаҷми ангишти истихроҷшуда дар соли гузашта ба ҳиссаи корхонаҳои давлатӣ рост меояд.
Қобили зикр аст, ки афзоиши ҳаҷми истихроҷ ва истифодаи ангишт дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ба ивази гази табиӣ ба истифодаи ангишт гузаштани корхонаҳои саноатӣ сурат мегирад.
Тибқи маълумоти Вазорат, айни замон 194 корхонаҳои кишвар ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунанд, ки талаботи умумии онҳо 665 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва аз то 201 адад расидани ин корхонаҳо дар соли равон интизорӣ меравад.



