Соли 2014 қурби расмии сомонӣ нибати доллар ИМА зиёда аз 11% поин рафт

Давоми соли 2014 қурби арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ нисбати доллари ИМА беш аз 11% поин рафт. Тибқи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ба санаи 1-уми январи соли равон 1 доллари ИМА 5,3074 сомонӣ арзиш дошт. Ба ҳамин санаи соли 2013 қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА ба 4,7741 сомонӣ баробар буд. Дар ҳамин […]

Пайрав Чоршанбиев



Давоми соли 2014 қурби арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ нисбати доллари ИМА беш аз 11% поин рафт.

Тибқи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ба санаи 1-уми январи соли равон 1 доллари ИМА 5,3074 сомонӣ арзиш дошт. Ба ҳамин санаи соли 2013 қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА ба 4,7741 сомонӣ баробар буд.

Дар ҳамин ҳол, тайи соли 2014 қурби расмии арзи миллии тоҷикӣ нисбати рубли русӣ тақрибан 39% боло рафта, давоми соли қурби рубли русӣ нисбати сомонӣ аз 0,1446 сомонӣ то ба 0,0888 сомонӣ барои 1 рубл поин рафт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, тайи ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА баланд шуда, ба ҳисоби миёна то 5,5690-5,5830 сомонӣ расид.

Санаи 8-уми январ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе 5,6230-5,6430 сомонӣ, Хуҷанд 5,6600-5,6800 сомонӣ ва Қӯрғонтеппа 5,6500-5,6700 сомониро ташкил намуд.

«Ҳамзамон, қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро каме паст шуда, мувофиқан ба 0,0890-0,0910 сомонӣ барои як рубли русӣ ва 6,5270-6,5490 сомонӣ барои як евро баробар шуданд», – омадааст дар маълумоти БМТ. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.