Имзои созишнома дар бораи сохтмони корхонаи «Кока-Кола» дар Тоҷикистон

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Кока – Кола Ичечек А.С.” оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботӣ доир гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, лоиҳаи сармоягузории мазкур дар ду давра татбиқ карда шуда, дар давраи аввали амалишавии […]

ASIA-Plus



Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Кока – Кола Ичечек А.С.” оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботӣ доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, лоиҳаи сармоягузории мазкур дар ду давра татбиқ карда шуда, дар давраи аввали амалишавии лоиҳа ҳаҷми умумии сармоягузориҳо 30 млн. долл. ИМА ва дар давраи дуюм 20 млн. доллари ИМА-ро дарбар мегирад.

«Баъд аз мавриди амал қарор гирифтани лоиҳа, зиёда аз 120 ҷойи нави кории мустақим ва то 500 ҷойи кории нави ғайримустақим ташкил карда шуда, иқтидори солонаи он 100 млн. литр маҳсулоти ғайримашруботиро ташкил медиҳад», – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, дар давоми панҷ сол аз санаи оғози истеҳсолот пардохтҳои давлатӣ ба буҷети кишвар зиёда аз 21 млн. долл. ИМА-ро ташкил хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки ширкати “Кока-Кола”, ки бо тамғаи молии “Кока-Кола” маҳсулот истеҳсол мекунад, яке аз ташкилотҳои маъруф ва пуриқдори истеҳсолии ҷаҳонӣ буда, маҳсулоти тавлиднамудаи он бозорҳои зиёда аз 200 кишвари ҷаҳонро фаро гирифта, ба ҳисоби миёна 1 рӯз дар ҷаҳон зиёда аз 1 млрд. воҳид маҳсулоти ширкати «Кока-Кола» ба фурӯш меравад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.