Ишораи муовини раиси ноҳияи Румӣ ба Кабирӣ бобати шукргузорӣ аз ҷаноби олӣ

Имрӯз, 12-уми январи соли 2015 конфронси интихоботии бахшҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҷ. Рӯмӣ, Қубодиён ва Ҷиликул оиди пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи Ҷ. Румӣ №30 дар қароргоҳи бахши ҳизб дар шаҳраки Румӣ баргузор гардида, бо аксари оро номзадии вакил Абдуқаҳҳори Давлат пешниҳод гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, […]

ASIA-Plus



Имрӯз, 12-уми январи соли 2015 конфронси интихоботии бахшҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҷ. Рӯмӣ, Қубодиён ва Ҷиликул оиди пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи Ҷ. Румӣ №30 дар қароргоҳи бахши ҳизб дар шаҳраки Румӣ баргузор гардида, бо аксари оро номзадии вакил Абдуқаҳҳори Давлат пешниҳод гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, кори конфронс дар фазои хуб пеш мерафт, аммо хонум Майрамбӣ Ғаффорова, муовини раиси ҳукумати Ҷ. Румӣ дар рафти суханронии Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизб ва вакили МН халал ворид кард. «Вақте Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ки бояд аз Худованди карим шукргузорӣ кард ва аз миллати тоҷик барои ваҳдат ва бародарӣ шукрона кард, нохост хонум Ғаффорова аз ҷой бархоста, бидуни гирифтани иҷозат суҳбати М. Кабириро қатъ карда, ба овози баланд гуфт, ки бояд аз Ҷаноби олӣ шукрона кард», – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ хитоб ба ӯ гуфт: “Мунтазир бошед, ман то ҳол ҷумлаамро ба итмом нарасондаам. Ҳатман аз Президенти кишвар ва Шумо барои ҳамкорӣ ташаккур мегӯям.” Вале хонум Ғаффорова баъди халал ворид кардан ба нишони эътироз конфронсро тарк кард.

Зирк мегардад, ки дар кори конфронс 120 вакил ва 300 меҳмон ширкат карданд. Ҳамчунин, Муҳиддин Кабирӣ – раиси ҳизб ва вакили МН, Қамариддин Афзалӣ – раиси шуъбаи ҳизб дар вилояти Хатлон, Илҳомҷон Ёқубов – мушовири раиси ҳизб оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, Муҳаммадҷони Нурӣ – мушовири раиси ҳизб, Нуралӣ Сафаралиев – раиси Комиссияи ҳавза, Майрамбӣ Ғаффорова – муовини раиси ҳукумати Ҷ. Румӣ ва ғайра ҳузур доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.