Дархости худдорӣ аз инъикоси якҷонибаи вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Роҳбари Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезияи назди ҳукумати ҶТ Маҳмадтоир Зокиров аз журналистони тоҷик даъват ба амал овард, ки аз таҷрибаи инъикоси якҷонибаи масъалаҳои марбут ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ бо Қирғизистон худдорӣ варзанд. Номбурда қайд кард, ки зимни сафари президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев ба Душанбе ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои СҲШ […]

Пайрав Чоршанбиев



Роҳбари Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезияи назди ҳукумати ҶТ Маҳмадтоир Зокиров аз журналистони тоҷик даъват ба амал овард, ки аз таҷрибаи инъикоси якҷонибаи масъалаҳои марбут ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ бо Қирғизистон худдорӣ варзанд.

Номбурда қайд кард, ки зимни сафари президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев ба Душанбе ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои СҲШ оид ба даст кашидан аз чунин таҷриба тавофуқ ҳосил шуда буд.

«Ман аз Шумо дархост мекунам, ки аз пешниҳоди якҷонибаи мавод доир ба ин масъала худдорӣ кунед, вагарна ин маънои онро дорад, ки мо супориши сарвари давлатро нодида мегирем», – гуфт Зокиров зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.

Ӯ таъкид дошт, ки гуфтушунидҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаҳои таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ аз соли 2002 идома дошта, айни замон беш аз 500 километри марз аломатгузорӣ шудааст, ки 51% аз масофаи умумии марз миёни кишварҳоро ташкил медиҳад. «Рӯзҳои наздик гуфтушунидҳо идома ёфта, вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳарду ҷониб дар назар аст, ки аз ҷумла нақшаи кор барои соли 2015-ро муайян мекунанд», – иброз дошт ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.