Афзоиши назарраси шумори парвандаҳои ҷиноии марбут ба ифротгароӣ

Шумори парвандаҳои ҷиноии марбут ба ифротгароӣ, ки соли 2014 аз ҷониби Суди олии кишвар баррасӣ шудаанд, нисбат ба соли 2013 ба таври қобили мулоҳиза афзуд. Раиси Суди олии ҶТ Нусратулло Абдуллозода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки соли гузашта дар Суди олӣ 25 парвандаи ҷиноӣ нисбати 35 нафари гумонбар ба ифротгароӣ баррасӣ […]

Аваз Юлдошев



Шумори парвандаҳои ҷиноии марбут ба ифротгароӣ, ки соли 2014 аз ҷониби Суди олии кишвар баррасӣ шудаанд, нисбат ба соли 2013 ба таври қобили мулоҳиза афзуд.

Раиси Суди олии ҶТ Нусратулло Абдуллозода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки соли гузашта дар Суди олӣ 25 парвандаи ҷиноӣ нисбати 35 нафари гумонбар ба ифротгароӣ баррасӣ шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2013 мутаносибан 10 парванда ва 9 нафар гумонбарон зиёдтар аст.

Дар ҳамин ҳол, Н.Абдуллозода маълумоти интишоршуда аз ҷониби як қатор ВАО дар бораи дар Суди олӣ мавриди баррасӣ қарор доштани парвандаҳо нисбати тарафдорони созмони ифротгарои «Гурӯҳи 24»-ро рад кард. «Суди олӣ чунин парвандаҳоро баррасӣ накарда, имрӯз ҳам дар баррасии Суди олӣ нестанд», – қайд кард Абдуллозода.

Зимнан зикр гардид, ки чунин парвандаҳо шояд дар дигар мақомоти судӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта бошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Афзоиши ҳаҷми савдо миёни Тоҷикистону Русия

Соли гузашта ҳаҷми гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Русия 2,4 миллион долларро ташкил медодааст. Давоми се моҳи аввали соли 2026 бошад ҳаҷми тиҷорат байни...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...