Ширкати «Фароз» гази моеъро арзон мекунад

Вобаста ба баланд шудани эҳтиёҷоти бозори дохилӣ ва зиёд шудани шумораи истеъмолкунандагони гази моеъ, ки имрӯз аз ҷониби истеъмолкунандагон, бахусус ронандагон ҳамчун сӯзишвории алтернативӣ истифода бурда мешавад, ҳаҷми воридоти он ба ҷумҳурӣ афзуда, аммо имрӯз мушоҳида мешавад, ки нархи чаканаи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ баланд аст, ки ҳолати мавҷуда боиси нигаронии истеъмолкунандагон шудааст. […]

ASIA-Plus



Вобаста ба баланд шудани эҳтиёҷоти бозори дохилӣ ва зиёд шудани шумораи истеъмолкунандагони гази моеъ, ки имрӯз аз ҷониби истеъмолкунандагон, бахусус ронандагон ҳамчун сӯзишвории алтернативӣ истифода бурда мешавад, ҳаҷми воридоти он ба ҷумҳурӣ афзуда, аммо имрӯз мушоҳида мешавад, ки нархи чаканаи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ баланд аст, ки ҳолати мавҷуда боиси нигаронии истеъмолкунандагон шудааст.

Ширкати «Фароз», ки пешсафи ҷумҳурӣ дар соҳаи воридоти гази моеъ ва маводи сӯхт мебошад, иқдом гирифтааст, ки дар фасли зимистон нархи чаканаи гази моеъро аз 3,2 сомонӣ то ба 2,5 сомонӣ барои як литри он коҳиш диҳад.

Тавре аз хадамоти матбуоти ширкати «Фароз» хабар доданд, иқдоми мазкур яккарата набуда, минбаъд ширкат тамоми имкониятҳои мавҷудаи худро баҳри таъмини мунтазами бозори дохилӣ бо маводи сӯзишворӣ ва бо кафолати нархи дастрас пешкаши аҳолии ҷумҳурӣ намудани он мусоидат менамояд.

Гуфта мешавад, ширкати «Фароз» дорои инфрасохтори зарурӣ барои амалӣ намудани иқдоми мазкур аз қабили бузургтарин захираҷоҳои махсус барои нигоҳдории гази моеъ, шабакаи васеи нуқтаҳои фурӯши он дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ буда, манфиатҳои ҷамъиятро сармашқи фаъолияти худ қарор додааст.

Бино ба маълумоти Кумитаи рушди иқтисод ва савдои ҶТ, тайи солҳои ахир дар робита ба болоравии арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ, қариб нисфи нақлиёти автомобилии ҷумҳурӣ ба истифодаи гази моеъ ба сифати сӯзишворӣ гузаштанд.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 10 моҳи соли гузашта ба Тоҷикистон 130 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст. Воридоти ин навъи сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ асосан аз Қазоқистон ва дар ҳаҷми начандон зиёд аз Русия сурат мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.