Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Парлумони Аврупо

Дар шаҳри Брюссел вохӯрии намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, сафир Рустам Солиев бо ноиби президенти Парлумони Аврупо Ричард Чарнески баргузор гардид. Тавре аз намояндагиидоимии ҶТ дар ИттиҳодиАврупо хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои гуногунсамтаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ намуда, оид ба таҳким ва тавсеаи минбаъдаи робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маърифатӣ, […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Брюссел вохӯрии намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, сафир Рустам Солиев бо ноиби президенти Парлумони Аврупо Ричард Чарнески баргузор гардид.

Тавре аз намояндагиидоимии ҶТ дар ИттиҳодиАврупо хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои гуногунсамтаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ намуда, оид ба таҳким ва тавсеаи минбаъдаи робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Гуфта мешавад, Ричард Чарнески изҳор намуд, ки Парлумони Аврупо омода аст бо истифода аз механизмҳои парлумонӣ барои боз ҳам ба сатҳи баланд бардоштани ҳамкориҳои мутақобилан судманди бисёрҷониба миёниТоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мусоидат расонад.

Дар ҳошияи вохӯрӣ Намояндаи доимӣ аз аъзои Гурӯҳи дӯстии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо шудани Ричард Чарнески ибрози қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки чунин тавсеаи сафи аъзоёни Гурӯҳи дӯстӣ барои мустаҳкам намудани ҳамкориҳоиТоҷикистону ИттиҳодиАврупо мусоидати фаъол хоҳад намуд.

Ба иттилои манбаъ, чанде қабл ҳамчунин бо иштироки Ричард Чарнески вохӯрии навбатии Гурӯҳи дӯстии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо баргузор гардида, Рустам Солиев ба вакилон оид ба рафти омодагӣ ба баргузории интихоботи навбатии парлумонӣ дар Тоҷикистон, ки 1 марти соли 2015 баргузор мегардад, маълумоти муфассал  додааст.

Зикр гардидааст, ки интихоботи навбатии парлумонӣ дарТоҷикистон дар фазои орому осуда ва бо риояи меъёрҳои ҷаҳони муосир баргузор гардида, натиҷаҳои он барои рушди минбаъдаи парламентаризми демократии кишвар мусоидат хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.