Аз гардиши кишоварзӣ берун мондани беш аз 33,5 ҳазор гектар заминҳои корам

Соли гузаштабеш аз 33,5 ҳазор гектар заминҳои корам дарТоҷикистон аз гардиши кишоварзӣ берун монданд, ки зиёда аз 16,7 ҳазор гектари онро заминҳои обёришаванда ташкил медиҳанд. Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезияи ҷумҳурӣ Маҳмадтоир Зокиров зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки соли 2013 майдони умумии заминҳои корами аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Тоҷикистон […]

Пайрав Чоршанбиев



Соли гузаштабеш аз 33,5 ҳазор гектар заминҳои корам дарТоҷикистон аз гардиши кишоварзӣ берун монданд, ки зиёда аз 16,7 ҳазор гектари онро заминҳои обёришаванда ташкил медиҳанд.

Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезияи ҷумҳурӣ Маҳмадтоир Зокиров зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки соли 2013 майдони умумии заминҳои корами аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Тоҷикистон камее бештар аз 15,6 ҳазор гектарро ташкил дода буд.

Ба гуфтаи Зокиров, сабабҳои аз гардиш берун мондани заминҳои корам гуногун буда, соли гузашта зиёда аз 20 ҳазор гектари ин заминҳо ба иллати ғайриқаноатбахш ташкил шудани корҳои хоҷагидорӣ ба ин ҳолат дучор шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки соли 2014 дар вилояти Суғд – қариб 24 ҳазор, вилояти Хатлон – 8,1 ҳазор ва навоҳиии тобеи марказ – 1,5 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.