Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ Абдувалӣ Комилзода зимни нишасти хабарии имрӯза сабаби ба ҷойи майдончаҳо барои бозиву сайругашти кӯдакон ва бевосита дар наздикии манзилҳои зисти дигар қомат афрохтани биноҳои нав дар пойтахти кишварро шарҳ дод.
«Афзоиши шумори аҳолии шаҳрро мебояд ба инобат гирифт», – иброз дошт ӯ ва ба шаҳрвандон тавсия дод, ки кӯдакони худро барои бозӣ ба марказҳои фароғатии «Ҷуманҷи» ва «Лимпопо» баранд.
«Аҳолии ҷумҳурӣ 8 млн. нафар буда, ин рақам ҳамасола ба миқдори 200 ҳазор нафар меафзояд. Мо бояд чӣ кор кунем? Маҷбурем, ки дар макони бозиҳову майдонҳои варзишӣ манзилҳо бунёд кунем», – таъкид дошт А.Комилзода.
Ба гуфтаи ӯ, имсол нархи манзили зист ба таври назаррас поин рафта, барои 1 метри мураббаъ 600-700 доллари ИМА-ро ташкил дод. «Агар соли 2013 дар қисмати марказии пойтахт арзиши 1 метри мураббаъи манзил 800 доллари ИМА-ро ташкил медод, пас айни замон он то 600 доллари ИМА поин рафтааст», – гуфт Комилзода ва сабаби коҳиши нарх ба манзилро ба буҳрони иқтисодӣ нисбат дод.



