Соли 2014 корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ба маблағи умумии 490 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар муқоиса бо соли 2013 ба миқдори 82,1 млн. сомонӣ зиёдтар аст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зимни нишасти хабарии рӯзи 13-уми январ изҳор намуд, ки соли гузашта шумори корхонаҳои саноатии шаҳр ба 153 адад расид (соли 2013 – 107 чунин корхона). «Дар ин давра корхонаҳои ҶС «Лаъл», ҶДММ «Некон», Раёсати сохтмони №1 ва ҶДММ «Ворис» фаъолият накарданд», – иброз дошт ӯ.
Ба қавли раиси шаҳр, баҳри таҷдиди технология ва азнавсозии таҷҳизоти корхонаҳои саноатии тозатаъсис беш аз 44 млн. сомонӣ маблағҳои сармоягузории хориҷӣ ва дохилӣ масраф гардида, дар онҳо зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст.
Раиси маркази маъмурии минтақаи шимоли кишвар ҳамчунин зикр кард, ки соли 2014 музди меҳнати кормандони ташкилоту корхонаҳо ба ҳисоби миёна 974 сомониро ташкил додааст.



