Содироти 40%-и фулузоти қиматбаҳои дар Тоҷикистон истихроҷшуда

Ширкатҳои машғул ба истихроҷи маъданҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳудуди 40%-и фулузоти қиматбаҳоро ба хориҷи кишвар содирот намуда, қисмати боқимондаро дар дохили ҷумҳурӣ фурӯхтанд. Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, дар маҷмӯъ фурӯши маҳсулоти корхонаҳои соҳа дар 11 моҳ 1 млрд. 306 млн. 138,6 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки ҳаҷми содироти маҳсулот ба хориҷи […]

ASIA-Plus



Ширкатҳои машғул ба истихроҷи маъданҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳудуди 40%-и фулузоти қиматбаҳоро ба хориҷи кишвар содирот намуда, қисмати боқимондаро дар дохили ҷумҳурӣ фурӯхтанд.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, дар маҷмӯъ фурӯши маҳсулоти корхонаҳои соҳа дар 11 моҳ 1 млрд. 306 млн. 138,6 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки ҳаҷми содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар 1 млрд. 13 млн. 325,1 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2014 корхонаҳои соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо ба маблағи 1млрд. 674,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, нисбат ба соли гузашта 182,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

«Дар ин давра суръати афзоиш 112,3%-ро ташкил намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаҳои саноати маъданҳои куҳӣ 18,1% аз ҳаҷми  маҳсулоти умумии корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Соли 2013 ин нишондод 11,4%-ро ташкил мекард», – омадааст дар маълумоти Вазорат.

Гуфта мешавад, давоми 11 моҳи соли гузашта нақшаи истихроҷи фулузоти қиматбаҳо дар Тоҷикистон 17% барзиёд иҷро шудааст. Қаблан дар Вазорат изҳор дошта буданд, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2014 истихроҷи тилло дар сатҳи на камтар аз 3 тонна таъмин мегардад ва аллакай ахири моҳи октябр ин нишондиҳанда ба даст оварда шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра барои рушду равнақи соҳа 456,3 млн.сомонӣ (97,1 млн. доллари ИМА) маблағгузорӣ ҷалб карда шудааст, ки нисбати соли 2013 – 46,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Бештари маблағҳои сармоявӣ ба ҶДММ КМ “Зарафшон” -263,2 (56,0 млн. доллари ИМА) ҷалб карда шудааст.

Аз рӯйи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2014 ширкатҳои истихроҷи тиллои Тоҷикистон 1 ҳазору 141,1 кило тилло истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 – 57,6 кило зиёдтар аст. Нимсолаи аввали соли 2014 ҳаҷми истихроҷи нуқра дар Тоҷикистон 943,6 килоро ташкил дод, ки дар муқоиса бо 6 моҳи соли 2013 – 43,2 кило бештар мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.