Шумори корхонаҳои саноатӣ дар Хуҷанд ба 153 адад расид

Соли 2014 корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ба маблағи умумии 490 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар муқоиса бо соли 2013 ба миқдори 82,1 млн. сомонӣ зиёдтар аст. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зимни нишасти хабарии рӯзи 13-уми январ изҳор намуд, ки соли гузашта шумори корхонаҳои саноатии шаҳр ба 153 адад расид (соли 2013 – […]

Баҳром Файзуллоев



Соли 2014 корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ба маблағи умумии 490 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар муқоиса бо соли 2013 ба миқдори 82,1 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зимни нишасти хабарии рӯзи 13-уми январ изҳор намуд, ки соли гузашта шумори корхонаҳои саноатии шаҳр ба 153 адад расид (соли 2013 – 107 чунин корхона). «Дар ин давра корхонаҳои ҶС «Лаъл», ҶДММ «Некон», Раёсати сохтмони №1 ва ҶДММ «Ворис» фаъолият накарданд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли раиси шаҳр, баҳри таҷдиди технология ва азнавсозии таҷҳизоти корхонаҳои саноатии тозатаъсис беш аз 44 млн. сомонӣ маблағҳои сармоягузории хориҷӣ ва дохилӣ масраф гардида, дар онҳо зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст.

Раиси маркази маъмурии минтақаи шимоли кишвар ҳамчунин зикр кард, ки соли 2014 музди меҳнати кормандони ташкилоту корхонаҳо ба ҳисоби миёна 974 сомониро ташкил додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.