Нозирони САҲА ахири моҳи январ ба Душанбе меоянд

Гурӯҳи аввали нозирони дарозмуддати Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба Институтҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Башар (САҲА/ДИДҲБ) дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ахири моҳи январ ба Душанбе ташриф меоранд. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин гурӯҳи аввали нозирони САҲА аз 11 нафар иборат аст. Номбурда хотиррасон […]

Аваз Юлдошев



Гурӯҳи аввали нозирони дарозмуддати Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба Институтҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Башар (САҲА/ДИДҲБ) дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ахири моҳи январ ба Душанбе ташриф меоранд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин гурӯҳи аввали нозирони САҲА аз 11 нафар иборат аст.

Номбурда хотиррасон намуд, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, аз иштироки беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ дар маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон интизорӣ дорад.

Қобили зикр аст, ки дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон санаи 6-уми ноябри соли гузашта 502 нафар нозирони байнулмилалӣ ҳузур доштанд.

Шурӯъ аз рӯзҳои аввали Соли нав тариқи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ КМИР ба унвони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии СААД, САҲА ва як қатор кишварҳо ҷиҳати иштирок дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон даъватнома фиристод.

Ҳамчунин мебояд зикр кард, ки пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 аз ҷониби нозирони САҲА ба Тоҷикистон оид ба такмили ҷараёни интихобот

25 тавсия пешниҳод гардида буд

, ки то имрӯз 18-то он иҷро шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.