Рақобати Суҳроб Шарипов бо духтари муассиси ҲНИТ дар интихобот

Аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансури шаҳри Душанбе Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон вакили амалкунандаи парлумони кунунӣ Суҳроб Шариповро номзад ба вакилӣ дар парлумони оянда пешбарӣ кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сухангӯи ҲХДТ Усмон Солеҳ хабар дод. Қобили зикр аст, ки Суҳроб Шарипов айни замон ин ҳавзаи интихоботиро дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ намояндагӣ мекунад. […]

Аваз Юлдошев



Аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансури шаҳри Душанбе Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон вакили амалкунандаи парлумони кунунӣ Суҳроб Шариповро номзад ба вакилӣ дар парлумони оянда пешбарӣ кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сухангӯи ҲХДТ Усмон Солеҳ хабар дод.

Қобили зикр аст, ки Суҳроб Шарипов айни замон ин ҳавзаи интихоботиро дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ намояндагӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Фирдавсӣ ҲХДТ ҳамчунин Маҳмадалӣ Ватановро номзад ва вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ намуд. М.Ватанов низ феълан ин ҳавзаро дар даъвати ҳозираи парлумон намояндагӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 13-уми январ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансури пойтахт хатмкардаи Донишгоҳи байнулмилалии Теҳрон ва факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, духтари муасиси ҲНИТ Саид Абуллои Нурӣ, сиёсатшинос Руқия Саидоваро номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ кард.

Ҳамчунин мебояд гуфт, ки аз ҳавзаи якмандатии интихоботии мазкур Ҳизби демократи Тоҷикистон яке аз фаъолони ҳизб, журналист Аҳмадшоҳи Комилзодаро номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон пешбарӣ кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.