Пас аз ироаи паём ба парлумон рӯзи 23-юми январ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеи ҳукуматро баргузор мекунад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ин ҷаласа аз фаъолияти ҳукумат дар соли гузашта натиҷагирӣ шуда, нақшаҳо дар соли оянда муайян карда мешаванд. Тибқи анъанаи ҷоришуда, дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат баррасии масъалаи кадрӣ низ аз эҳтимол дур нест.
Дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон маъмулан тағйироти кадрӣ анҷом дода, мансабдорони сатҳҳои гуногунро барои камбудиҳо аз вазифа сабукдӯш мекунад.
Ёдрас мекунем, ки дар паёми ҳамасолаи президент ба парлумон самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ барои соли ҷорӣ тарҳрезӣ карда мешаванд.
Ба ҷаласаи ҳарду палатаи поёнии парлумон, ки дар он президент паёмашро ироаи медорад ва ҳамчунин ба ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати Тоҷикистон раисони ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ даъват шудаанд.
Қобили зикр аст, ки дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ аллакай ба омодасозии ҳисобот дар бораи фаъолият дар соли гузашта шурӯъ кардаанд.



