Ҷаласаи ҳукумат баъди ироаи паёми президент ба парлумон

Пас аз ироаи паём ба парлумон рӯзи 23-юми январ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеи ҳукуматро баргузор мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ин ҷаласа аз фаъолияти ҳукумат дар соли гузашта натиҷагирӣ шуда, нақшаҳо дар соли оянда муайян карда мешаванд. Тибқи анъанаи ҷоришуда, дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат баррасии масъалаи […]

Аваз Юлдошев



Пас аз ироаи паём ба парлумон рӯзи 23-юми январ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеи ҳукуматро баргузор мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ин ҷаласа аз фаъолияти ҳукумат дар соли гузашта натиҷагирӣ шуда, нақшаҳо дар соли оянда муайян карда мешаванд. Тибқи анъанаи ҷоришуда, дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат баррасии масъалаи кадрӣ низ аз эҳтимол дур нест.

Дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон маъмулан тағйироти кадрӣ анҷом дода, мансабдорони сатҳҳои гуногунро барои камбудиҳо аз вазифа сабукдӯш мекунад.

Ёдрас мекунем, ки дар паёми ҳамасолаи президент ба парлумон самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ барои соли ҷорӣ тарҳрезӣ карда мешаванд.

Ба ҷаласаи ҳарду палатаи поёнии парлумон, ки дар он президент паёмашро ироаи медорад ва ҳамчунин ба ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати Тоҷикистон раисони ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ даъват шудаанд.

Қобили зикр аст, ки дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ аллакай ба омодасозии ҳисобот дар бораи фаъолият дар соли гузашта шурӯъ кардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.