Аз 125 довталаб ба 22 курсии парлумон 103 нафар боқӣ монданд

Шумори довталабон ба 22 курсии парлумон аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ки дар анҷуманҳои пешазинтихоботӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ пешбарӣ шуда буданд, аз 125 нафар то ба 103 нафар кам шуд. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода дар ин робита иттилоъ дод, ки то имрӯз 101 номзадҳо тибқи рӯйхати ҳизбӣ санҷиши донистани забони давлатиро супурдаанд. «Ҳарчанд давраи […]

Аваз Юлдошев



Шумори довталабон ба 22 курсии парлумон аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ки дар анҷуманҳои пешазинтихоботӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ пешбарӣ шуда буданд, аз 125 нафар то ба 103 нафар кам шуд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода дар ин робита иттилоъ дод, ки то имрӯз 101 номзадҳо тибқи рӯйхати ҳизбӣ санҷиши донистани забони давлатиро супурдаанд.

«Ҳарчанд давраи санҷиши номзадҳо ба охир расида бошад ҳам, бо дархости Ҳизби сотсиал-демократӣ, КМИР ин муҳлатро як рӯз дароз кард, чунки ду номзади ҲСДТ тибқи рӯйхати ҳизбӣ саривақт аз ВМКБ ба Душанбе омада натавонистаанд ва бовар дорем, ки имрӯз онҳо ба санҷиши забони тоҷикӣ ҳозир мешаванд», – иброз дошт Додозода.

Аз рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, 19-уми январ КМИР ба сабти расмии номзадҳои пешбаришуда ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки ба санаи 1-уми март таъин шудаанд, шурӯъ мекунад.

Додозода таъкид дошт, ки баъди анҷуманҳои пешазинтихоботӣ аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар маҷмӯъ оид ба пешбарии 125 нафар номзадҳо тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ маълумот дода буданд, аммо то субҳи рӯзи панҷшанбе ба КМИР ҳуҷҷатҳои 103 нафар номзадҳо ба вакилӣ пешниҳод гардидаанд.

Хотиррасон шуд, ки нахуст ба рӯйхатҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 28-нафарӣ номзадҳо шомил гардида буданд, вале баъдан аз рӯйхати ҳарду ҳизб 1-нафарӣ номзадҳо хориҷ карда шуданд.

Рӯйхати Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ аз 6 нафар, Ҳизби сотсиалистӣ аз 7 нафар иборат аст, ҳарчанд онҳо танҳо ба 6 нафар номзадҳо ҳуҷҷат пешниҳод намудаанд. Ҳизби демократ рӯйхати 4 номзадашро пешниҳод карда, рӯйхати Ҳизби аграрӣ аз 15 нафар номзадҳо иборат аст, вале танҳо ба 13 нафар ҳуҷчат пешниҳод шудааст.

Дар анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби коммунист 15 нафар ва Ҳизби сотсиал-демократӣ 22 нафар номазадҳо ба вакилӣ пешбарӣ шуданд, вале ба КМИР ҳуҷҷатҳои мутаносибан 7 ва 15 нафар номзадҳо аз ин аҳзоб пешниҳод гардидаанд.

Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 63 нафар вакилон иборат аст, ки 22 нафар тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 41 нафар вакилон аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб карда мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.