Даъвати рӯҳонии маъруфи тоҷик ба таҳрими маҳсулоти кишварҳои таҳқиркунандаи Ислом

Пас аз чопи навбатии карикатураҳои иҳонатомез нисбати пайғамбари гиромии ислом Муҳаммад (с) аз ҷониби маҷаллаи танзи «Шарлӣ Эбдо» (Charlit Hebdo)-и Фаронса, дар торнамои рӯҳониёни маъруфи тоҷик – бародарон Тӯраҷонзодаҳо муроҷиати 10-дақиқаинаи аудиоии   бародари калонӣ – Эшони Нуриддинҷон ба ҷавонони кишвар нашр шуд. Дар муроҷиатномаи худ Эшони Нуриддинҷон аз тамоми ҷавононе, ки ӯро гӯш медиҳанд, […]

ASIA-Plus



Пас аз чопи навбатии карикатураҳои иҳонатомез нисбати пайғамбари гиромии ислом Муҳаммад (с) аз ҷониби маҷаллаи танзи «Шарлӣ Эбдо» (Charlit Hebdo)-и Фаронса, дар торнамои рӯҳониёни маъруфи тоҷик – бародарон Тӯраҷонзодаҳо


муроҷиати 10-дақиқаинаи аудиоии


  бародари калонӣ – Эшони Нуриддинҷон ба ҷавонони кишвар нашр шуд.

Дар муроҷиатномаи худ Эшони Нуриддинҷон аз тамоми ҷавононе, ки ӯро гӯш медиҳанд, даъват мекунад, ки ба маҳсулоти истеҳсолшуда дар кишварҳои таҳқиркунундаи Ислом ва муқаддасоти он таҳрим эълон намоянд.

«Магар таҳқири эҳсосоти муқаддаси ҳудуди  2 млрд. мусалмонон озодии сухан аст, магар шахсоне, ки худро демократу ҳомии сулҳ мехонанд, ба чунин амал роҳ дода метавонанд? Дар ҳамон Фаронса барои тахриби оромгоҳи як яҳудӣ қариб тамоми ҷаҳон ба по хест, магар муқаддасоти ислом барои онҳо бегона аст?», – мепурсад рӯҳонӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.