Даргузашти ҳамсари яке аз пешвоёни ҲНИТ

Дирӯз, 14-уми январи соли 2015 баъди зуҳр тақрибан соати 15:30 Хайриннисо Ҳимматзода, ҳамсар ва муниси марҳум устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз марази гурда вафот карда, имрӯз соати 13:00 ҷанозаи ӯ дар масҷиди рӯбарӯи хонаи устод Саид Абдулллоҳи Нурӣ дар Душанбе баргузор мегардад. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Хайриннисо Ҳимматзода 1-июли соли 1958 дар оилаи рӯҳонии […]

ASIA-Plus



Дирӯз, 14-уми январи соли 2015 баъди зуҳр тақрибан соати 15:30 Хайриннисо Ҳимматзода, ҳамсар ва муниси марҳум устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз марази гурда вафот карда, имрӯз соати 13:00 ҷанозаи ӯ дар масҷиди рӯбарӯи хонаи устод Саид Абдулллоҳи Нурӣ дар Душанбе баргузор мегардад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Хайриннисо Ҳимматзода 1-июли соли 1958 дар оилаи рӯҳонии маъруф, марҳум Эшони Тоҷиддин ба дунё омада, соҳиби 7 фарзанд аст.

Гуфта мешавад, марҳум Хайриннисо баъди издивоҷ, ҳамчун ҳамсари мушфиқ ва шарики ғамхор дар ҳама хушиҳо ва сахтиҳои зиндагӣ бо марҳум устод Ҳимматзода будааст. Дар замони Шуравӣ ӯ ба донишомузоне, ки дар хонаи устод Ҳимматзода дарси динӣ мегирифтанд, хидматҳои зиёде кардааст. Ҳамчунин, ӯ устод Ҳимматзодаро дар тӯли бемории 6-солае, ки дар натиҷаи он аз ин дунё риҳлат кард, ҳамчун ҳамсари дилсӯз ва ғамхор хидмат кардааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.