Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба гумони куштори рӯҳонӣ



Муфаттишони Кумитаи тафтишоти ноҳияи Канавинои вилояти Нижний Новгороди Русия шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар куштори рӯҳонии ибодатгоҳи воқеъ дар ноҳияи Маскави Нижний Новгород боздошт намудаанд.

Бино ба иттилои хабаргузории «

НТА-Приволжье

» ҳодисаи куштори рӯҳонӣ рӯзи 3-юми январ дар манзили ӯ дар кӯчаи Чкалови ноҳияи Канавино, ки ба шаҳрванди Тоҷикистон ин манзилро иҷора доданӣ будааст, рух дода, тибқи фарзияи тафтишот, зимни гуфтушунид гумонбаршуда ба сари рӯҳонӣ бо як чизи сахт зарба задааст, ки дар натиҷа рӯҳонӣ Анатолий Мешков ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, пас аз қатли рӯҳонӣ шаҳрванди Тоҷикистон аз манзили ӯ маблағи пулӣ, телефони ҳамроҳ ва чизҳои шахсии соҳибманзилро бо худ бурда, ҷасади рӯҳонӣ рӯзи дигари пас аз ҳодиса дарёфт шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 105-и КҶ Русия (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида,, гумонбаршуда, шаҳрванди Тоҷикистон боздошт ва бозпурсӣ шудааст. Боздоштшуда дар ҳабс қарор дошта, тафтишот аз рӯйи ин далел идома дорад. 

spot_imgspot_img

Популярное