Таъсиси киностудияи нахустин дар вилояти Суғд

Соли 2015-ро раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ соли  рушди фарҳанг эълон карда, дар ин замина яке аз аввалин қарори раиси вилоят дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Киностудияи «Суғд синамо» аз санаи 14-уми январи соли 2015 ба тавсиб расид. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ҳадаф аз тасвиби қарори мазкур рушду нумӯи ҳамаҷонибаи […]

ASIA-Plus



Соли 2015-ро раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ соли  рушди фарҳанг эълон карда, дар ин замина яке аз аввалин қарори раиси вилоят дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Киностудияи «Суғд синамо» аз санаи 14-уми январи соли 2015 ба тавсиб расид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ҳадаф аз тасвиби қарори мазкур рушду нумӯи ҳамаҷонибаи санъати филмофарӣ, таҷассум намудани филмномаҳои баландмазмун, пур намудани фазои холии синамои тоҷик ва муаррифӣ намудани Тоҷикистон тариқи филмҳои хуб барои ҷаҳонинён мебошад.

Гуфта мешавад, чунин иқдом дар минтақаҳои кишвар бори аввалин дар вилояти Суғд амалӣ гардида, киностудия бо пешниҳоди як гурӯҳ филмофарони ҷавони боистеъдоди вилоят ва дастгирии бевоситаи раиси вилоят ба фаъолият оғоз хоҳад кард.

Зимнан зикр мегардад, ки КВД «Киностудияи «Суғд синамо» дар заминаи театри давлатии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом фаъолияташро ба роҳ монда, коргардони ҷавони тоҷик Муҳиддин Ҷӯраев директори «Суғд синамо» таъин гардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.